14 сентябр дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Сино даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид.
Дар маросими оғози озмун муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомуддин Иброҳимзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа Дилбар Одилзода, намояндагони сохторҳои марбутаи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт, ҳайати ҳакамон ва иштирокчиёни озмун ҳузур доштанд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди тафаккури илмӣ ва дарёфти истеъдодҳои наврасону ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меоранд. Озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» низ ба рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, тавсеаи ихтироъкориву навоварӣ ва ҷалби бештари қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши илмҳои муосир равона шудааст.
Бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2026, №АП-950 ва дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни мазкур дар шаҳри Душанбе қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 20 январи соли 2026, №52 ба тасвиб расидааст.
Озмун аз рӯйи ҳашт номинатсия — математика, физика ва астрономия, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ — дар чор давр баргузор мегардад.
Дар даври якуми озмун дар шаҳри Душанбе 85 ҳазору 662 нафар иштирок намуда, 7 ҳазору 484 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Дар даври дуюм 7 ҳазору 484 нафар иштирок карда, 602 нафар ба даври сеюм роҳ ёфтанд.
Даври шаҳрии озмун бо иштироки довталабони беҳтарин аз муассисаҳои таълимии пойтахт баргузор гардида, ҳайати ҳакамонро мутахассисони соҳибтаҷриба ва сатҳи баланди касбӣ ташкил медиҳанд.
Дар фарҷом ба иштирокчиёни даври шаҳрии озмун, ки шаҳри Душанберо дар марҳилаи ҷумҳуриявӣ намояндагӣ хоҳанд кард, барору комёбӣ ва дастовардҳои назаррас таманно карда шуд.