14 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода пас аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Амиго дар маҳаллаи 5-уми кӯчаи Умари Хайём оғоз бахшиданд.
Дар корхонаи Амиго истеҳсоли пахтаи минералӣ, ки барои нагузаронидани гармиву хунукӣ, истифода мешавад, ба роҳ монда шудааст. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол ба 40 ҳазор тонна мерасад.
Дар ин ҷо барои 50 сокини маҳаллӣ ҷойи кор фароҳам оварда шудааст.
Ҳамзамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ коргоҳи дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Умеди Сафияро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи навтаъсис бо истифода аз технологияи муосири дӯзандагӣ ба истеҳсоли 10 намуд либоси мактабӣ машғул буда, барои 30 кас ҷойи нави корӣ фароҳам овардааст.
Иншооти дигаре, ки ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, корхонаи истеҳсоли хишти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Муҳаммадзоҳид мебошад. Корхона дар деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов ҷойгир буда, иқтидори истеҳсолии он дар як сол ба 2 миллиону 600 ҳазор дона хишти аълосифат мерасад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхона 25 мутахассиси маҳалӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд.
Иншооти дигаре, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, сардхонаи муосири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Амиго дар деҳоти Работ мебошад.
Сардхона бо иқтидори нигоҳдории 5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид дар нигоҳдории маҳсулоти ватанӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ нақши муҳим мебозад.
Ҳамчунин муассисаи томактабии хусусии Афсона ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид. Кӯдакистон аз 6 синфхона, 6 ҳуҷраи хобу истироҳат, 3 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва толори варзишии муҷаҳҳаз иборат мебошад.
Иншоот дорои шароити муосир буда, барои фаро гирифтани 200 кӯдак ба таҳсилоти томактабӣ пешбинӣ шудааст.
Муассисаи томактабии хусусии IDT KIDS International низ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ ёфт.
Кӯдакистон дар маҳаллаи 2-юми шаҳри Турсунзода сохта шуда, шароити фароҳамгардида дар он ба талаботи муосир ҷавобгӯ мебошад.
Иншоот барои фаро гирифтани 200 кӯдак ба таҳсилоти томактабӣ пешбинӣ шудааст. Дар 12 синфхонаи кӯдакистон тамоми лавозимоти зарурӣ муҳайё гардида, шароити мусоид барои таълиму тарбия ва рушди зеҳнии кӯдакон фароҳам оварда шудааст.
Дар маҳаллаи 3-юми шаҳри Турсунзода низ муассисаи томактабии хусусии Донояк ифтитоҳ гардид, ки дорои тамоми шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи кӯдакон мебошад. Кӯдакистон бо тарҳи зебо ва шароити муосир сохта шуда, дар 4 синфхонаи муҷаҳҳази он имкони ба таҳсил фаро гирифтани 120 кӯдак мавҷуд аст.
Ҳамзамон бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии Нури Истиқлол ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид. Бинои боғча барои тарбияи зиёда аз 110 кӯдак пешбинӣ гардидааст.
Муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо риояи талаботи меъмории миллӣ мутобиқ ба шавқу завқи кӯдакон бунёд гардида, бо тамоми шароиту лавозимоти зарурӣ, мизу курсӣ ва ҳуҷраҳои барҳаво барои машғулияти зеҳнии кӯдакон таъмин мебошад.
Дар деҳаи Нақшбандони деҳоти 10-солагии Истиқлол низ бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии Марҷона ифтитоҳ ёфт.
Ин муассисаи томактабӣ барои ба тарбия фаро гирифтани зиёда аз 200 кӯдак пешбинӣ гардидааст.
Бино дорои 14 ҳуҷраи барҳаво барои машғулияти зеҳнии кӯдакон аст. Баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боғчаи мазкур 22 мутахассиси маҳаллӣ, ки бештари онҳоро занон ташкил медиҳанд, бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.
Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои ободонӣ дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ бинои нави Маркази ҷавонон ва мактаби варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.